Подшоҳии Худо чӣ мебошад?
Ба фикри шумо ин...
осмонба будагӣ ҷойи ҷаннатмӣ?
осмонба будагӣ ҳукуматмӣ?
ёки ягон чизи дигармӣ?
КИТОБИ МУҚАДДАС ЧӢ МЕГӮЯД
«Худои Самовӣ як подшоҳӣ барпо мекунад, ки ҳеҷ вақт вайрон намешавад» (Китоби Муқаддасa Дониёр 2:44).
«Ҳукумронӣ, мартаба ва подшоҳӣ Вайба дода шуд... Ҳукумронияш абадӣ мебошад... ва подшоҳии Вай вайрон намешавад» (Дониёр 7:14).
АЗ ИН ЧИЯ ФАҲМИДАН МУМКИН
Ҳукумати адолатнок ҳаёти шумоя нағз карда метонад (Ишаъё 48:17, 18).
Ояндаба дунёи навба сиҳату саломат ва бахтиёр мешавед (Ваҳӣ 21:3, 4).
БАРОИ ЧӢ ИН ГАПҲОБА БОВАР КУНЕМ МЕШАВАД?
Барои ин камашба дута сабаб ҳаст:
Подшоҳии Худо чӣ корҳо мекардагеша Исои Масеҳ нишон додагӣ буд. Исо пайғамбар шогирдошба барои Подшоҳии Худо омаданаш ва барои заминба иродаи Худо иҷро шуданаш, ибодат кардана ёд додагӣ буд (Матто 6:9, 10). Исо пайғамбар ин ибодат чӣ хел иҷобат мешудагеша нишон додагӣ буд.
Вақти заминба будагешба Исои Масеҳ, гушнаҳоя сер мекард, касалҳоба шифо медод ва мурдаҳоя зинда мекард (Матто 15:29-38; Юҳанно 11:38-44). Ин мӯҷизаҳоки, Исои Масеҳ, Подшоҳии Худоба Ҳукумрон шуда, барои одамҳо ояндаба чӣ корҳои нағз мекардагеша нишон додагӣ буд (Ваҳӣ 11:15).
Ваъзияти дунё, Подшоҳии Худо наздикиба меомадагеша нишон дода истодааст. Исо пайғамбар, пеш аз Подшоҳии Худо омаданаш рӯи замиинба ҷангҳо, қаҳатиҳо ва заминҷунбиҳо мӯл мешудагеша башорат кардагӣ буд (Матто 24:3, 7).
Имрӯза рӯзба ин воқеаҳоя шоҳидаш шуда истодем. Аз ин, наздикиба Подшоҳии Худо ҳамаи муамоҳоя бартараф мекардагешба бовар кунем мешавад.
САВОЛ ПАЙДО МЕШАВАД
Вақти Подшоҳии Худоя ҳукумронешба ҳаёт чӣ хел мешавад?
Китоби Муқаддас ин саволҳоба дар оятҳои ЗАБУР 36:29 ва ИШАЪЁ 65:21-23 ҷавоб метияд.
[Изоҳ]
a Ин Таврот, Забур, Инҷил. Ин рисолачаба ҳавола кардагӣ ҳама оятҳоя аз забони англисии «Китоби Муқаддас — Тарҷимаи дунёи нав» тарҷима кардагӣ.