Ҷумъа, 15 май
Шумо бояд ба ин тоб оред, зеро ин барои ислоҳи шумост (Ибр. 12:7).
Чӣ тавр масеҳиёни ибрӣ зиддияти сахтро паси сар карда метавонистанд? Павлуси расул мехост, ки ин масеҳиён ба озмоишҳо назари дуруст дошта бошанд. Ӯ фаҳмонд, ки баъзан Яҳува озмоишҳоро роҳ дода, масеҳиёнро шакл медиҳад ва ин қисми таълими онҳост. Ба ин восита онҳо хислатҳои бебаҳоро инкишоф медоданд. Диққатро ба натиҷаи озмоишҳо равона карда, масеҳиён душвориҳоро сабуктар мегузарониданд (Ибр. 12:11). Павлуси расул масеҳиёни ибриро даъват кард, ки озмоишҳоро бо сари баланд гузаранд. Павлус худаш як вақтҳо масеҳиёнро озор медод. Барои ҳамин медонист, ки ба сарашон чӣ мушкилиҳо меояд. Ӯ ҳамчунин медонист, ки дар ин хел мавридҳо чӣ тавр истодагӣ кардан мумкин, зеро баъди масеҳӣ гаштанаш бо зиддиятҳои гуногун рӯ ба рӯ шуда буд (2 Қӯр. 11:23–25). w24.09 саҳ. 12, 13, сарх. 16, 17
Шанбе, 16 май
Бедор бошед (Мат. 25:13).
Бо гузашти ҳар як рӯз хизмати мо фавритар мешавад. Чаро чунин гуфтан мумкин аст? Чунки вақт камтару камтар монда истодааст. Бинед, ки Исо дар бораи кори мавъиза дар замони охир дар Марқус 13:10 чӣ гуфтааст. Мувофиқи китоби Матто Исо гуфт, ки хушхабар дар тамоми замин то вақти «анҷом» паҳн мешавад (Мат. 24:14). «Анҷом» гуфта, поёни дунёи бадкори Шайтон дар назар аст. Яҳува «рӯз ва соат»-и тамоми воқеаҳоеро, ки бояд рӯй диҳанд, муқаррар кардааст (Мат. 24:36; Кор. 1:7). Бо гузашти ҳар рӯз ин замон наздиктар мешавад (Рум. 13:11). Мо бошем, то вақти анҷом бояд мавъиза карданро давом диҳем. Биёед саволи муҳимеро дар бораи хизматамон дида бароем. Барои чӣ мо хушхабарро паҳн мекунем? Одӣ карда гӯем, мо ин корро аз муҳаббат мекунем. Мо хабаррасониро ба хотири муҳаббат ба хушхабар, муҳаббат ба одамон ва, аз ҳама муҳимаш, муҳаббат ба Яҳува ва номаш мекунем. w24.05 саҳ. 14, 15, сарх. 2, 3
Якшанбе, 17 май
Худо ба ҳар он чӣ карда буд, назар намуд ва дид, ки хеле хуб аст (1 Мӯсо 1:31).
Волидони азиз, диққати фарзандатонро ба табиат равона кунед. Вақте берун аз шаҳр сайругашт мекунед ё дар боғчаатон кор мекунед, диққати фарзандатонро ба шаклу қолабҳое, ки дар табиат вомехӯранд, равона кунед. Чаро? Чунки ин хату қолабҳо аз мавҷудияти Офаридгори пурхирад гувоҳӣ медиҳанд. Масалан, олимон хатҳои морпечро дар табиат солҳои зиёд меомӯхтанд. Физикдони табиатшинос Никола Фамели мефаҳмонад, ки, агар ҳангоми мушоҳидаи табиат шумораи хатҳои морпечро ҳисоб кунӣ, як қатори муайяни ададҳо ҳосил мешавад. Ин қатори ададҳо тартиби Фибоначчи ном дорад. Хатҳои морпеч дар бисёр ҷойҳо дида мешаванд. Масалан, дар шакли баъзе галактикаҳо, барги растаниҳо, гули офтобпараст ва садафи малвонак ном ҷонвари баҳрӣ. w24.12 саҳ. 16, сарх. 7