-
Корнома 7:30–34Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
30 Аз байн 40 сол гузашт ва рӯзе дар биёбони назди кӯҳи Сино, дар шуълаи хорбуттаи фурӯзон, ба ӯ фариштае намудор гашт.+ 31 Мӯсо инро дида дар ҳайрат монд. Аммо, вақте ки барои хубтар дидани хорбутта наздик омад, овози Яҳуваро шунид: 32 “Ман Худои бобоёнат — Худои Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб, ҳастам”.+ Мӯсо аз тарс ба ларза омад ва дигар ҷуръат накард, ки ба бутта нигоҳ кунад. 33 Яҳува суханашро давом дода гуфт: “Попӯшатро бикаш, зеро ҷое, ки ту дар он истодаӣ, замини пок аст. 34 Ман зулму ситами халқамро дар замини Миср дидам, оҳу нолаи онҳоро шунидам+ ва барои халос кардани онҳо фуруд омадам. Акнун, биё, ман туро ба Миср мефиристам”.
-