18–24 НОЯБР
ЗАБУР 107, 108
Суруди 23 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)
1. «Яҳуваро шукр гӯед, зеро ӯ некуст»
(10 дақ.)
Яҳува моро аз дунёи Шайтон озод намуд, ҳамон тавре ки пеш Исроилро аз Бобил озод кард (Зб 107:1, 2; Қл 1:13, 14).
Мо аз миннатдорӣ Яҳуваро дар ҷамъомад ситоиш мекунем (Зб 107:31, 32; w07 15.4 саҳ. 20, сарх. 2).
Агар дар бораи меҳрубонӣ ва корҳои аҷоиби Яҳува чуқур мулоҳиза ронем, диламон саршори миннатдорӣ мешавад (Зб 107:43; w15 15.1 саҳ. 9, сарх. 4).
2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
(10 дақ.)
3. Хониши Китоби Муқаддас
(4 дақ.) Зб 107:1–28 (th дарси 5).
4. Суҳбатро сар кунед
(3 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ (lmd дарси 1, қисми 4).
5. Шавқмандонро хабар гиред
(4 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Ба шахс дар бораи курси омӯзиши Китоби Муқаддас гап занед ва ба ӯ корти ин курсро пешкаш намоед (lmd дарси 9, қисми 3).
6. Суханронӣ
(5 дақ.) ijwyp-U мақолаи 90. Мавзуъ: «Чӣ тавр аз фикрронии манфӣ худдорӣ намоем?» (th дарси 14).
Суруди 2
7. Аз миннатдорӣ дар васфи Яҳува месароем
(15 дақ.) Муҳокима.
Яҳува исроилиёнро аз Баҳри Сурх гузаронида аз дасти лашкари пурзӯри Миср халос кардан пас, халқ аз миннатдорӣ дар суруд ӯро ҳамду сано хонд (2Мс 15:1–19). Якум шуда мардон сароидани ин суруди навро сар карданд (2Мс 15:21). Дар асри як Исо ва пайравонаш низ дар васфи Худо суруд месароиданд (Мт 26:30; Қл 3:16). Имрӯз мо ҳам мисли онҳо амал намуда, дар вохӯриҳои ҷамъомад ва анҷуманҳо суруд месароем. Масалан, суруди «Раҳмат ба Ту, Яҳува», ки мо навакак сароидем, аз соли 1966 дар вохӯриҳои мо садо медиҳад.
Дар баъзе маданиятҳо раво нест, ки мардон дар ҳузури дигарон суруд сароянд. Баъзеҳо аз суруд хондан худдорӣ менамоянд, зеро фикр мекунанд, ки овоз надоранд. Лекин мо бояд фаромӯш накунем, ки сурудхонӣ қисми ибодати мо мебошад. Ташкилоти Яҳува заҳмати зиёд мекашад, то сурудҳои зебоямон ба мо дастрас шаванд ва онҳоро тавре барномарезӣ мекунад, ки дар ҳар вохӯрӣ суруди мувофиқ садо диҳад. Аз мо фақат талаб карда мешавад, ки ин сурудҳоро якҷоя бо бародару хоҳарон сароем. Бо ин мо нишон медиҳем, ки Падари осмониямонро беҳад дӯст медорем ва аз ӯ хеле миннатдорем.
ВИДЕОНАВОРИ «Пешравӣ ва таърихи ташкилоти мо — Суруд атои пурарзиш аст (қисми 2)»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:
Соли 1944 чӣ воқеаи хотирмоне рӯй дод?
Чӣ тавр бародару хоҳарони Сибир нишон медоданд, ки сурудҳоямонро қадр мекунанд?
Чаро сурудхонӣ барои Шоҳидони Яҳува хеле муҳим аст?
8. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад
(30 дақ.) bt боби 18, сарх. 6–15