-
5 Мӯсо 5:13, 14Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
13 Тамоми кору бор ва меҳнататро дар муддати шаш рӯз+ ба амал ор, 14 аммо рӯзи ҳафтум рӯзи шанбеи Худоят Яҳува аст.+ Дар он рӯз ягон кор накун,+ на худат, на писарат, на духтарат, на ғуломат, на канизат, на буққаат, на харат, на ягон чорпоят ва на ғарибе, ки дар шаҳри туст,+ то ғулому канизат баробари ту дам гиранд.+
-