-
2 Мӯсо 38:1–7Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
38 Ӯ аз чӯби дарахти ақоқиё қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ сохт. Он чоркунҷашакл буду дарозияш панҷ газ*, бараш панҷ газ ва баландияш се газ буд.+ 2 Сипас ӯ бар чор кунҷи қурбонгоҳ шохҳо сохт. Қурбонгоҳ ва шохҳои он яклухт буданд ва ӯ онҳоро бо мис пӯшонд.+ 3 Ӯ ҳамчунин тамоми ашёи қурбонгоҳ, яъне сатилҳо, хокандозҳо, косаҳо, чангакҳо ва бухурдонҳоро сохт. Ӯ ҳамаи инҳоро аз мис сохт. 4 Ҳамчунин барои қурбонгоҳ панҷараи мисине сохт ва онро зери канораи қурбонгоҳ, дар миёни қурбонгоҳ ҷойгир кард. 5 Ӯ бар чор гӯшаи қурбонгоҳ, назди панҷараи мисин, чор ҳалқае сохт, то ходаҳоро аз онҳо гузаронда шавад. 6 Пас аз ин ӯ аз чӯби дарахти ақоқиё ходаҳо сохт ва онҳоро бо мис пӯшонид. 7 Сипас ходаҳоро аз ду тараф ба ҳалқаҳо даровард, то қурбонгоҳро бардошта шавад. Ӯ қурбонгоҳро аз тахтаҳо ба шакли сандуқи дарунхолӣ сохт.
-