-
4 Мӯсо 14:13, 14Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
13 Аммо Мӯсо ба Яҳува гуфт: «Он гоҳ мисриён, ки ту бо қувваи худ ин халқро аз байнашон берун овардӣ, инро мешунаванд+ 14 ва ба мардуми ин замин дар ин бора мегӯянд. Мардуми ин замин низ шунидаанд, ки ту, эй Яҳува, дар байни ин халқ ҳастӣ+ ва ба онҳо рӯ ба рӯ намудор шудаӣ.+ Абри ту, эй Яҳува, бар онҳо қарор дорад. Ту рӯзона дар сутуни абр ва шабона дар сутуни оташ пешопеши онҳо меравӣ.+
-