-
3 Мӯсо 12:7, 8Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
7 Коҳин онро ба Яҳува пешкаш менамояд ва барои вай товон медиҳад ва зан аз хунравияш пок мешавад. Ин аст қонун дар бораи зане, ки писар ё духтар таваллуд кардааст. 8 Агар зӯри вай ба гӯсфанд нарасад, ӯ бояд ду мусича ё ду кафтарбача биёрад:+ якеро барои қурбонии сӯхтанӣ ва дигареро барои қурбонии гуноҳ. Коҳин барояш товон медиҳад ва ӯ пок мешавад”».
-
-
3 Мӯсо 14:21, 22Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
21 Аммо, агар ӯ камбағал бошаду ба ин чизҳо зӯраш нарасад, бояд як қӯчқори ҷавонро чун қурбонии айб ва ҳадияи ҷунбонданӣ пешкаш кунад, то барои худ товон диҳад. Ғайр аз ин, ӯ бояд даҳяк эфа* орди маҳини бо равған омехтаро чун ҳадияи ғалла ҳамроҳи як лӯҷ равған 22 ва ду мусича ё ду кафтарбача мувофиқи шароиташ биёрад. Ӯ як парандаро чун қурбонии гуноҳ ва дигареро чун қурбонии сӯхтанӣ пешкаш мекунад.+
-
-
3 Мӯсо 15:13–15Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
13 Вақте ҷараёни бадани ӯ бас шавад ва ӯ аз он пок гардад, шахс бояд барои пок шуданаш ҳафт рӯз шумурда, либоси худро бишӯяд ва дар оби равон шустушӯ кунад ва он гоҳ пок мешавад.+ 14 Дар рӯзи ҳаштум ӯ бояд бо худ ду мусича ё ду кафтарбача+ гирифта, ба ҳузури Яҳува, назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ, биёяд ва онҳоро ба дасти коҳин супорад. 15 Коҳин як парандаро чун қурбонии гуноҳ ва дигареро чун қурбонии сӯхтанӣ пешкаш мекунад ва барои беморияш ба ҳузури Яҳува товон медиҳад.
-