-
5 Мӯсо 3:19, 20Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
19 Танҳо занон, фарзандон ва чорвоятон (медонам, ки шумо чорвои зиёде доред) дар шаҳрҳое, ки ба шумо додаам, мемонанд, 20 то даме ки Яҳува ба бародарони шумо осоиш бахшад, чуноне ки ба шумо бахшидааст, ва онҳо низ заминеро, ки Худоятон Яҳува дар он тарафи Урдун ба онҳо медиҳад, соҳиб шаванд. Пас аз ин ҳар яки шумо ба замине, ки ба шумо додаам, бармегардед”.+
-
-
Юшаъ 1:14, 15Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
14 Бигзор занону фарзандон ва чорвоятон дар ин тарафи Урдун*, дар замине, ки Мӯсо ба шумо додааст,+ бимонанд, вале шумо, ҳамаи ҷанговарони пурзӯр,+ бояд барои ҷанг саф баста, пешопеши бародаронатон равед.+ Шумо бояд ба онҳо ёрӣ диҳед, 15 то даме ки Яҳува ба бародарони шумо низ осоиштагӣ бахшад, чуноне ки ба шумо бахшидааст, ва онҳо низ заминеро, ки Яҳува Худои шумо ба онҳо медиҳад, соҳиб шаванд. Пас аз ин ба замине, ки ба шумо дода шудааст, то онро аз худ кунед ва соҳиб шавед, баргардед, ба замине, ки Мӯсо, хизматгори Яҳува, ба шумо дар тарафи шарқии Урдун додааст”».+
-
-
Юшаъ 13:8Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
8 Қабилаи Реубен ва Ҷод бо нисфи дигари қабилаи Менашше дар тарафи шарқии Урдун заминҳои худро мерос гирифтанд, яъне ҳамон заминеро, ки хизматгори Яҳува, Мӯсо, ба онҳо дода буд:+
-