-
2 Воқеанома 26:16–18Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
16 Ҳамин ки Узиё қавӣ гашт, дилаш мағрур шуд ва ин ба шикасти ӯ оварда расонд, зеро ӯ ба Худояш Яҳува бевафоӣ карда ба ибодатгоҳи Яҳува даромад ва бар қурбонгоҳи бухурсӯзӣ бухур сӯзонданӣ шуд.+ 17 Он вақт Азарёи коҳин ва ҳамроҳаш 80 коҳини далери Яҳува дарҳол аз паси ӯ даромаданд. 18 Онҳо ба шоҳ Узиё муқобилат намуда, гуфтанд: «Эй Узиё, раво нест, ки барои Яҳува бухур сӯзонӣ!+ Фақат коҳинон метавонанд бухур сӯзонанд, зеро онҳо аз авлоди Ҳорун+ буда, поку муқаддас гаштаанд. Аз муқаддасгоҳ баро, зеро ту бевафоӣ кардӣ ва Яҳува Худо туро барои ин корат сарбаланд намекунад».
-