-
Ибриён 12:5–7Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
5 ва насиҳатеро, ки ба шумо чун ба писарон дода шудааст, тамоман фаромӯш кардаед, ки чунин аст: «Эй писарам, насиҳати* Яҳуваро бо чашми кам набин ва, вақте туро ислоҳ кунад, зиқу рӯҳафтода нашав, 6 зеро Яҳува ҳар киро дӯст дорад, насиҳат мекунад*, бале, ӯ ҳар касеро писари худ донад, бо чӯби адаб ҷазо медиҳад*».+
7 Шумо бояд ба ин тоб оред, зеро ин барои ислоҳи* шумост. Худо ба шумо чун бо писарони худ рафтор мекунад.+ Оё писаре ҳаст, ки падараш ӯро ислоҳу сарзаниш накунад?+
-