-
2 Мӯсо 17:14Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
14 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Инро дар китоб ҳамчун ёдоварӣ бинавис ва ба Юшаъ такрор кун: “Ман ному нишони Амолеқро аз зери осмон нест мекунам”».+
-
-
1 Подшоҳон 14:47, 48Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
47 Шоул подшоҳии худро бар Исроил устувор гардонд ва бо ҳамаи душманоне, ки дар гирду атрофаш буданд — бо мӯобиён,+ аммӯниён,+ адӯмиён,+ подшоҳони Сӯбо+ ва фалиштиён+ — ҷанг кард ва, ба ҳар ҷое ки мерафт, бар онҳо дастболо мешуд. 48 Ӯ далерона ҷангида, амолеқиёнро+ шикаст дод ва Исроилро аз дасти тороҷгаронаш халос кард.
-
-
1 Подшоҳон 15:1–3Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
15 Баъд аз ин Самуил ба Шоул гуфт: «Яҳува маро фиристода буд, ки туро тадҳин кунам*, то подшоҳи халқи Исроил шавӣ.+ Ҳоло сухани Яҳуваро бишнав.+ 2 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Ман амолеқиёнро ба ҷавобгарӣ мекашам, зеро, вақте Исроил аз Миср берун меомад, онҳо дар роҳ ба халқи ман муқобилат карданд.+ 3 Акнун рафта, амолеқиёнро зарба зан+ ва онҳоро бо ҳар он чӣ доранд, ба нестӣ супор.+ Ба онҳо раҳм накун, балки марду зан, кӯдаку тифли ширмак, буққаву гӯсфанд, шутуру хар — ҳамаро бикуш”».+
-