-
Юшаъ 8:30–32Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
30 Ҳамон вақт Юшаъ дар кӯҳи Эбол+ барои Худои Исроил, Яҳува, қурбонгоҳе сохт. 31 Онро ҳамон тавре сохтанд, ки Мӯсо, хизматгори Яҳува, ба исроилиён фармуда буд ва дар китоби Тавроти* Мӯсо+ навишта шуда буд: «Қурбонгоҳе аз сангҳои натарошида, бе истифода аз асбоби оҳанин, бисоз».+ Онҳо бар он барои Яҳува қурбониҳои сӯхтанӣ ва осоиштагӣ пешкаш карданд.+
32 Сипас ӯ дар он ҷо бар сангҳо нусхаи Шариатро навишт,+ ки онро Мӯсо дар пеши исроилиён навишта буд.+
-