-
5 Мӯсо 3:12, 13Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
12 Мо заминҳоеро соҳиб шудем, ки аз Арӯэри+ назди водии Арнӯн тӯл кашида, нисфи кӯҳистони Ҷилъодро дар бар мегиранд. Шаҳрҳои он ҷоро ман ба реубениён ва ҷодиён додам.+ 13 Боқимондаи Ҷилъод ва тамоми Бошонро, ки қаламрави Ӯҷ буд, ба нисфи қабилаи Менашше+ додам. Тамоми минтақаи Арҷуб, ки ба Бошон дохил мешавад, замини рафоиён ном дошт.
-