-
2 Мӯсо 23:29Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
29 Аммо ман онҳоро дар як сол аз пешат бадар намеронам, то замин беодам нашавад ва ҳайвоноти ваҳшӣ дар он зиёд нашаваду ба ту зарар нарасад.+
-
-
Юшаъ 13:2–6Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
2 Инҳоянд заминҳои боқимонда:+ тамоми минтақаи фалиштиён ва ҷашуриён+ 3 (аз шохаи Нил*, ки дар шарқи Миср аст, то ба сарҳади Эқрӯн, ба тарафи шимол, ки замини Канъон ба ҳисоб мерафт),+ аз он ҷумла сарзамини панҷ ҳокими фалиштӣ:+ замини ғазаиён, ашдӯдиён,+ ашқалӯниён,+ ҷаттиён+ ва эқрӯниён;+ замини аввимиён,+ ки 4 дар ҷануб аст; тамоми замини канъониён; Маоро, ки аз они сидӯниён+ аст, то Афиқ, то сарҳади амӯриён; 5 замини ҷабалиён+ ва тамоми шарқи Лубнон аз Баал-Ҷод, ки дар доманаи кӯҳи Ҳермӯн аст, то Лебӯ-Ҳамот*;+ 6 тамоми кӯҳистон аз Лубнон+ то Мисрефӯт-Маим+ ва тамоми замини сидӯниён.+ Ман ин мардумро аз пеши исроилиён меронам.+ Ту фақат замини меросии исроилиёнро ба онҳо тақсим карда бидеҳ, ҳамон тавре ки ба ту фармуда будам.+
-