-
1 Подшоҳон 19:2Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
2 Азбаски Юнотони писари Шоул Довудро хеле дӯст медошт,+ ба ӯ гуфт: «Падарам Шоул туро куштан мехоҳад. Илтимос, пагоҳ, саҳаргоҳон, эҳтиёт шав ва ба ягон ҷойи панаҳ рафта, пинҳон шав.
-
-
1 Подшоҳон 20:17Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
17 Юнотон бори дигар аз Довуд хоҳиш кард, ки ба муҳаббате, ки ба ӯ дорад, қасам хӯрад, чунки ӯро мисли ҷони худ дӯст медошт.+
-
-
1 Подшоҳон 20:41Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
41 Вақте хизматгор рафт, Довуд аз ҷойи на он қадар дуре, ки ҷанубтар буд, берун омад ва рӯ ба замин афтода се бор таъзим кард. Довуду Юнотон якдигарро бӯсиданд ва барои якдигар гиря карданд, вале Довуд бештар гиря кард.
-
-
1 Подшоҳон 23:16–18Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
16 Юнотони писари Шоул ба назди Довуд, ба Ҳӯршо, омад ва ӯро дилпур кард, ки Яҳува ӯро намепартояд.+ 17 Юнотон ба ӯ гуфт: «Натарс, чунки падарам Шоул туро намеёбад. Ту дар Исроил подшоҳ мешавӣ+ ва ман пас аз ту дуюмин хоҳам буд. Падарам Шоул низ инро медонад».+ 18 Сипас ҳар дуи онҳо дар пеши Яҳува аҳд бастанд+ ва Довуд дар Ҳӯршо монду Юнотон ба хонаи худ рафт.
-