-
1 Подшоҳон 13:13, 14Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
13 Он гоҳ Самуил ба Шоул гуфт: «Ту беақлона амал кардӣ ва ба амри Худоят Яҳува гӯш надодӣ.+ Агар ба ӯ гӯш медодӣ, Яҳува подшоҳии туро бар Исроил то абад устувор мегардонд. 14 Акнун бошад, подшоҳии ту пойдор намемонад.+ Яҳува шахси табъи дилашро меёбад+ ва Яҳува ӯро бар халқи худ пешво таъйин мекунад,+ зеро ту ба амри Яҳува гӯш надодӣ».+
-
-
1 Подшоҳон 15:26Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
26 Лекин Самуил ба Шоул гуфт: «Бо ту барнамегардам, зеро ту сухани Яҳуваро рад кардӣ ва Яҳува низ туро рад кард, то дигар бар Исроил подшоҳ набошӣ».+
-
-
1 Подшоҳон 15:28Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
28 Самуил ба ӯ гуфт: «Имрӯз Яҳува подшоҳии Исроилро аз дасти ту канда гирифт ва онро ба каси дигаре медиҳад, ки аз ту беҳтар аст.+
-