-
3 Мӯсо 18:28Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
28 Агар ба ин корҳо даст назанед ва заминро нопок насозед, он шуморо мисли халқҳое, ки пеш аз шумо дар он зиндагӣ мекарданд, қай намекунад.
-
-
5 Мӯсо 4:26Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
26 ман имрӯз осмону заминро бар зидди шумо ба шоҳидӣ даъват мекунам, ки шумо ба зудӣ аз замине, ки барои соҳиб шуданаш аз Урдун мегузаред, нест мешавед. Шумо дурудароз дар он нахоҳед монд, зеро аз он решакан мешавед.+
-
-
Забур 89:30–32Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
30 Агар писаронаш шариати маро тарк кунанд
Ва ҳукмҳоямро ба ҷо наоранд,
31 Агар онҳо фармудаҳоямро зери по созанд
Ва амрҳоямро риоя накунанд,
32 Он гоҳ онҳоро барои саркашияшон бо чӯб ҷазо медиҳам+
Ва хатоҳояшонро бо шаллоқ сазо медиҳам.
-