-
3 Подшоҳон 15:25–29Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
25 Дар соли дуюми Осои подшоҳи Яҳудо Нодоби+ писари Ёробъом подшоҳи Исроил шуд ва ӯ ду сол бар Исроил ҳукмронӣ кард. 26 Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал меовард, ӯ ба падараш пайравӣ менамуд+ ва мисли Исроил, ки падараш ба гуноҳ тела дода буд, гуноҳ мекард.+ 27 Баъшои писари Аҳиё, ки аз хонадони Иссокор буд, қасди ҷони ӯро кард. Баъшо ӯро дар Ҷибтӯн,+ ки дар дасти фалиштиён буд, ҳангоме ки Нодоб ва тамоми Исроил Ҷибтӯнро муҳосира мекарданд, кушт. 28 Баъшо ӯро дар соли сеюми Осои шоҳи Яҳудо кушт ва ба ҷояш подшоҳ шуд. 29 Ҳамин ки ӯ подшоҳ шуд, тамоми хонадони Ёробъомро кушт ва касеро аз Ёробъом зинда намонд. Ӯ онҳоро мувофиқи сухане, ки Яҳува ба воситаи бандааш, Аҳиёи шилӯнӣ, гуфта буд, аз як сар нест кард.+
-