-
5 Мӯсо 12:5, 6Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
5 балки рафта, Худоятон Яҳуваро дар ҷое парастиш кунед, ки чун ҷойгоҳи худашу номаш аз миёни қабилаҳоятон хуш кунад.+ 6 Шумо қурбониҳои сӯхтании худ,+ қурбониҳои худ, даҳяки худ,+ ҳадияи дастонатон,+ ҳадияҳоеро, ки аз рӯйи назр* меоред, ҳадияи ихтиёрӣ+ ва нахустзодаи гову молатонро+ ба он ҷо биёред.
-
-
3 Подшоҳон 8:16, 17Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
16 “Аз рӯзе ки ман халқам Исроилро аз Миср берун овардам, дар ягон қабилаи Исроил барои худ шаҳре интихоб накарда будам, то дар он хонае бисозам ва номи ман бар он бошад,+ вале ман Довудро хуш карда, бар халқи худ гузоштам”. 17 Дар дили падарам Довуд орзуе буд, ки ба номи Яҳува, Худои Исроил, хонае бисозад.+
-