-
2 Подшоҳон 23:13–17Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
13 Се паҳлавоне, ки аз ҷумлаи 30 сардор буданд, дар мавсими дарав назди Довуд ба ғори Адуллом+ поён омаданд. Он вақт фалиштиён дар водии Рафоим+ урду зада буданд. 14 Довуд дар паноҳгоҳ буд+ ва посгоҳи фалиштиён дар Байт-Лаҳм ҷойгир буд. 15 Довуд орзу карда гуфт: «Кошки аз обанборе, ки дар назди дарвозаи Байт-Лаҳм аст, як қулт об менӯшидам!» 16 Он гоҳ ин се паҳлавон ба урдугоҳи фалиштиён зада даромаданд ва аз обанбори назди дарвозаи Байт-Лаҳм об кашида, ба Довуд оварданд, лекин вай онро нанӯшида барои Яҳува ба замин рехт.+ 17 Ӯ гуфт: «Эй Яҳува, ҳаргиз ин корро ба худ раво намебинам! Наход ман хуни касонеро, ки ҷонашонро дар хатар гузоштанд, бинӯшам?»+ Ҳамин тавр, ӯ он обро нанӯшид. Ин аст корнамоии он се паҳлавони Довуд.
-