20 Ҳамаи одамонеро, ки аз амӯриён, ҳиттиён, фариззиён, ҳиввиёну ябусиён+ боқӣ монданд, онҳоеро, ки аз халқи Исроил набуданд,+ 21 яъне наслашонро, ки дар ин замин боқӣ монд (чунки исроилиён онҳоро ба нестӣ супурда натавонистанд), Сулаймон ғулом карда кор мефармуд ва то ба имрӯз чунин аст.+