-
1 Воқеанома 3:1–9Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
3 Инҳоянд писарони Довуд, ки дар Ҳебрӯн+ ба дунё омаданд: калонияш Амнӯн,+ ки модараш Аҳинӯами+ изреъилӣ буд, дуюмаш Дониёл, ки модараш Абиҷайли+ кармилӣ буд, 2 сеюмаш Абшолӯми+ писари Маъкои духтари Талмайи подшоҳи Ҷашур, чорумаш Адӯниёи+ писари Ҳаҷҷит, 3 панҷумаш Шафатёҳу, ки модараш Абитол буд, ва шашумаш Итром, ки модараш Эҷлои зани Довуд буд. 4 Ин шаш писари Довуд дар Ҳебрӯн ба дунё омаданд. Ӯ дар он ҷо 7 солу 6 моҳ ва дар Ерусалим 33 сол ҳукмронӣ кард.+
5 Барои Довуд дар Ерусалим инҳо таваллуд ёфтанд:+ Шимъо, Шубоб, Нотон+ ва Сулаймон,+ модари ин чор нафар Батшобаи+ духтари Аммиил буд. 6 Нуҳ писари дигари Довуд инҳо буданд: Ибҳор, Элишомаъ, Элифолат, 7 Нӯҷа, Нофаҷ, Ёфиа, 8 Элишомаъ, Элиёдоъ ва Элифолат. 9 Ҳамаи инҳо писарони Довуд буданд ва хоҳари онҳо Томор+ буд. Ғайр аз онҳо Довуд аз сурриягонаш низ писар дошт.
-