7 Довуд ба писараш Сулаймон гуфт: «Орзуи дили ман ин буд, ки ба номи Худоям Яҳува хонае бисозам.+ 8 Аммо Яҳува ба ман паём фиристода гуфт: “Ту хуни бисёре рехтаӣ ва дар ҷангҳои зиёде иштирок кардаӣ. Ту ба номи ман хона нахоҳӣ сохт,+ зеро ту дар ин замин, дар пеши назарам, хуни бисёре рехтаӣ.