-
4 Подшоҳон 22:3–6Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
3 Дар соли 18-уми шоҳ Юшиё чунин шуд, ки ӯ Шофони котиби писари Асалёҳуи писари Машулломро ба хонаи Яҳува фиристода,+ гуфт: 4 «Ба назди Ҳилқиёҳуи+ саркоҳин бирав ва бигзор ӯ тамоми пулеро, ки ба хонаи Яҳува овардаанду+ дарвозабонон онро аз халқ гирифтаанд,+ ҷамъ орад. 5 Он пулро ба касоне бидиҳанд, ки бар кори хонаи Яҳува таъйин шудаанд, онҳо бошанд, онро ба коргароне, ки бояд рахнаҳои хонаи Яҳуваро таъмир кунанд, бидиҳанд,+ 6 яъне ба ҳунармандон, бинокорон ва сангтарошон. Онҳо ба он пул чӯбу тахта ва сангҳои тарошида харида, хонаро таъмир кунанд.+
-