-
5 Мӯсо 7:9Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
9 Ту нағз медонӣ, ки Худоят Яҳува Худои ҳақиқӣ ва вафодор аст. Ӯ ба аҳдаш вафо мекунад ва ба касоне, ки ӯро дӯст медоранду амрҳояшро ба ҷо меоранд, то насли ҳазорумашон меҳру вафо мекунад.+
-
-
3 Подшоҳон 8:23–26Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
23 гуфт: «Эй Яҳува, Худои Исроил, на дар осмон, ки дар болост, ва на дар замин, ки дар поён аст, Худое мисли ту нест.+ Ту аҳди худро ба ҷо меорӣ ва ба бандагонат, ки бо тамоми дили худ дар пеши ту роҳ мераванд,+ меҳру вафо мекунӣ.+ 24 Ту ба ваъдае, ки ба бандаат, падарам Довуд, дода будӣ, вафо кардӣ. Ту бо даҳони худ ваъда додӣ ва имрӯз онро бо дасти худ иҷро кардӣ.+ 25 Акнун, эй Яҳува, Худои Исроил, ба ваъдае, ки ба бандаат, падарам Довуд, додӣ, вафо кун, зеро ту гуфта будӣ: “Агар писаронат ба роҳи худ диққат дода пеши ман роҳ раванд, чуноне ки ту пеши ман роҳ рафтӣ, насли ту ба ҳузури ман ҳаргиз аз тахти Исроил маҳрум намешавад”.+ 26 Ҳоло, эй Худои Исроил, илтимос, ба ваъдае, ки ту ба бандаат, падарам Довуд, дода будӣ, вафо кун.
-