-
3 Подшоҳон 12:8–11Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
8 Вале ӯ ба маслиҳати пирон гӯш надод, балки аз ҷавононе, ки бо вай калон шуда, ҳоло ходимаш буданд, маслиҳат пурсид.+ 9 Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо чӣ маслиҳат медиҳед: ба ин мардум, ки “Юғеро, ки падарат бар мо гузоштааст, сабук кун” мегӯяд, чӣ ҷавоб диҳем?» 10 Ҷавононе, ки бо вай калон шуда буданд, гуфтанд: «Ба ин мардум, ки “Падарат юғи моро вазнин кардааст, лекин ту онро сабук кун” мегӯяд, чунин бигӯ: “Ангушти хурди ман аз камари падарам ғафстар аст. 11 Падарам бар шумо юғи вазнине гузошт, ман бошам, онро вазнинтар мекунам. Падарам шуморо бо тозиёнаҳо ҷазо медод, ман бошам, шуморо бо қамчинҳои нешдор ҷазо медиҳам”».
-