-
Эзро 4:23, 24Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
23 Ҳамин ки нусхаи мактуби подшоҳ Ардашер ба Раҳум, ҳокими калон, Шимшайи котиб ва дигар рафиқони онҳо хонда шуд, онҳо дарҳол ба Ерусалим назди яҳудиён рафтанд ва бо зӯрӣ онҳоро аз кор боздоштанд. 24 Он гоҳ сохтмони хонаи Худо, ки дар Ерусалим буд, хобонда шуд ва ин ҳол то соли дуюми ҳукмронии подшоҳи Форс Дориюш+ давом кард.
-