-
2 Воқеанома 36:22, 23Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
22 Дар соли якуми ҳукмронии подшоҳи Форс — Куруш,+ барои иҷро гардидани сухани Яҳува, ки ба воситаи Ирмиёи пайғамбар гуфта буд,+ Яҳува подшоҳи Форс — Курушро*, барангехт, ки дар тамоми қаламрави худ чунин фармон барорад (ин фармон ҳамчунин ба шакли хаттӣ дароварда шуд):+ 23 «Куруш — подшоҳи Форс, чунин мегӯяд: “Яҳува Худои осмон тамоми мамлакатҳои заминро ба ман додааст+ ва ӯ ба ман фармудааст, ки дар Ерусалим, ки дар Яҳудост, барояш хонае бисозам.+ Ҳар касе, ки аз халқи ӯст, бигзор равона шавад ва Худояш Яҳува бо вай бошад”».+
-