-
4 Подшоҳон 24:14, 15Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
14 Ӯ тамоми сокинони Ерусалим, тамоми мирон,+ ҷанговарони пурзӯр ва ҳунармандону оҳангаронро*+ — 10 000 нафарро, ба асирӣ бурд. Дар он замин ғайр аз мардуми камбағалтарин касе боқӣ намонд.+ 15 Подшоҳи Бобил Еҳуёкинро+ асир карда, ба Бобил бурд.+ Ӯ ҳамчунин модари шоҳ, занони шоҳ, ходимони дарбор ва калоншавандагони он заминро аз Ерусалим ба Бобил бурд.
-
-
1 Воқеанома 3:16Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
16 Писари Еҳуёқим Еконё+ буд, ки Сидқиёҳуро ба дунё овард.
-
-
2 Воқеанома 36:9, 10Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
9 Еҳуёкин+ дар 18-солагиаш подшоҳ шуд ва се моҳу даҳ рӯз дар Ерусалим ҳукмронӣ кард. Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал меовард.+ 10 Дар сари сол* шоҳ Набукаднесар кас фиристод, то ӯро бо чизҳои қиматбаҳои хонаи Яҳува+ ба Бобил оранд,+ ва ба ҷояш Сидқиёҳуи амакашро бар Яҳудо ва Ерусалим подшоҳ кард.+
-
-
Ирмиё 22:28Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
28 Оё ин шахс — Кониё, зарфи нафратовару шикаста
Ва кӯзаи нодаркорест?
Чаро ӯву наслаш берун афканда шуда,
Ба замини барояшон ношиносе партофта мешаванд?”+
-