-
Айюб 1:6–8Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
6 Рӯзе фаро расид, ки писарони Худо*+ омаданд, то дар пеши Яҳува ҳозир шаванд.+ Шайтон+ низ бо онҳо дар пеши Худо ҳозир шуд.+
7 Яҳува ба Шайтон гуфт: «Аз куҷо омадӣ?» Шайтон ба Яҳува ҷавоб дод: «Аз давр задан бар замин ва гаштугузор кардан бар он».+ 8 Яҳува ба Шайтон гуфт: «Оё ба бандаи ман Айюб диққат додӣ? Мисли ӯ касе дар тамоми замин нест. Ӯ марди беайбу росткор+ ва худотарс аст ва аз бадӣ дур мешавад».
-