-
Наҳемё 9:10, 11Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
10 Ту ба фиръавн, тамоми хизматгоронаш ва мардуми заминаш аломату муъҷизаҳо нишон дода,+ онҳоро ҷазо додӣ, зеро медонистӣ, ки онҳо ба халқи ту ситам карданд.+ Ту номи худро то ба имрӯз машҳур сохтаӣ.+ 11 Ту дар пеши халқат баҳрро ду тақсим кардӣ ва онҳо аз қаъри хушки баҳр гузаштанд+ ва ту дунболагиронашонро, мисли он ки сангро ба обҳои пурталотум мепартоянд, ба қаъри баҳр андохтӣ.+
-
-
Ҳабаққуқ 3:15Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
15 Бо аспонат аз баҳр,
Аз обҳои азими пурталотум, гузаштӣ.
-