-
Забур 30:5Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
Агарчи шомгоҳон ашк бирезӣ, саҳаргоҳон боз шодӣ хоҳӣ кард.+
-
-
Ишаъё 61:1–3Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
61 Рӯҳи Парвардигор Яҳува бар ман аст,+
Зеро Яҳува маро тадҳин кардааст*, ки хушхабарро ба нармдилон* расонам.+
Ӯ маро фиристодааст, ки захмҳои шикастадилонро бибандам,
Озодиро ба асирон
Ва биноиро ба бандиён эълон кунам,+
2 Соли ризои Яҳува
Ва рӯзи интиқоми Худои моро хабар диҳам,+
Ҳамаи мотамзадагонро дилбардорӣ кунам,+
3 Ба онҳое, ки барои Сион мотам гирифтаанд, ғамхорӣ намоям,
Ба ҷойи хокистар ба онҳо кулоҳ,
Ба ҷойи мотам равғани шодӣ
Ва ба ҷойи ноумедӣ либоси ҷалол диҳам.
Онҳо дарахтони бузурги росткорӣ номида мешаванд,
Ки Яҳува барои ҷалоли худ шинондааст.+
-