-
Ибриён 11:32–34Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
32 Боз чӣ гӯям? Вақт намерасад, ки дар бораи Ҷидъӯн,+ Бороқ,+ Шимшӯн,+ Ифтоҳ,+ Довуд+ ва ҳамчунин Самуилу+ дигар пайғамбарон нақл кунам. 33 Бо имон онҳо бар подшоҳон ғолиб омаданд,+ росткориро ба амал оварданд, соҳиби ваъдаҳо гаштанд,+ даҳони шеронро бастанд,+ 34 аз оташи пурзӯр зарар надиданд,+ аз дами шамшер халос шуданд,+ дар сустӣ қувват пайдо карданд,+ дар ҷанг қавӣ гаштанд,+ лашкари душманро торумор сохтанд.+
-