-
Ишаъё 33:15, 16Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
15 Касе, ки бо роҳи инсоф равона бошад,+
Гапи ҳақро гӯяд,+
Аз пули ҳарому ноҳақ рӯй тобад,
Дастҳои худро аз гирифтани пора нигоҳ дорад,+
Гӯши худро аз шунидан дар бораи хунрезӣ
Ва чашми худро аз дидани бадкорӣ маҳкам кунад,
16 Дар баландӣ сокин мешавад.
Паноҳгоҳи мустаҳками ӯ дар кӯҳҳои дастнорас хоҳад буд,
Ӯ бо нон таъмин хоҳад буд ва обаш тамом нахоҳад шуд».+
-