6 Ӯ ба одамонаш гуфт: «Ба Яҳува ҳаргиз писанд намеояд, ки ман ба хоҷаам, масеҳи Яҳува, даст бардорам, зеро ӯ масеҳи Яҳува аст».+ 7 Бо ин суханон Довуд пеши роҳи одамонашро гирифт ва намонд, ки ба Шоул ҳамла оранд. Шоул бошад, аз ғор баромада, бо роҳи худ рафт.