-
Панднома 27:1Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
27 Бо фардо фахр накун,
Зеро намедонӣ, ки пагоҳ чӣ мешавад.+
-
-
Пандгӯ 9:11Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
11 Боз дар зери осмон дидам, ки дар мусобиқа тездавон ҳамеша ғолиб намеоянд, дар талош паҳлавонон ҳамеша дастболо намешаванд,+ хирадмандон на ҳама вақт соҳиби нон мегарданд, боигарӣ на ҳама вақт ба боақлон мерасад+ ва доноён доим комёбӣ ба даст намеоранд,+ чунки замони баду воқеаҳои ногаҳонӣ* бар сари ҳамаи онҳо меоянд.
-
-
Яъқуб 4:13, 14Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
13 Акнун гӯш кунед, эй онҳое, ки мегӯед: «Имрӯз ё пагоҳ ба фалон шаҳр сафар карда, дар он ҷо як сол мемонем ва бо тиҷорат машғул шуда, фоидаи калон ба даст меорем».+ Шумо ин тавр мегӯед, 14 аммо намедонед, ки фардо бо шумо чӣ мешавад,+ зеро ҳаёти шумо буғест, ки лаҳзае намоён шуда, баъд нопадид мегардад.+
-