-
4 Мӯсо 20:12Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
12 Баъдтар Яҳува ба Мӯсою Ҳорун гуфт: «Барои он ки шумо ба ман имон наовардед ва поку муқаддас буданамро дар пеши назари исроилиён нишон надодед, шумо ин ҷамоатро ба замине, ки ман ба онҳо медиҳам, намедароред».+
-
-
2 Подшоҳон 12:9–11Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
9 Пас, чаро ту сухани Яҳуваро таги по карда, дар назари ӯ чунин бадие кардӣ? Ту Уриёи ҳиттиро куштӣ!+ Ту ӯро бо шамшери аммӯниён кушта,+ занашро аз они худ кардӣ.+ 10 Акнун шамшер аз хонадони ту ҳаргиз дур намешавад,+ чунки ту зани Уриёи ҳиттиро гирифта, ба ман беҳурматии азиме кардӣ”. 11 Яҳува чунин мегӯяд: “Ман аз хонадони худат бар сари ту бало меорам+ ва дар пеши назари ту занонатро гирифта, ба марди дигаре медиҳам+ ва ӯ дар рӯзи равшан* бо занони ту мехобад.+
-