-
2 Мӯсо 20:4, 5Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
4 Барои худ ҳеҷ гуна буте ва ё чизе ба шакли он чӣ дар осмон, замин ва ё обҳои зери замин аст, насоз.+ 5 Ба онҳо саҷда набар ва фирефта шуда онҳоро парастиш накун,+ зеро ман Худои ту, Яҳува, ҳастам, Худое, ки аз шахс вафодории бекаму костро металабад+ ва барои гуноҳи падарон, гуноҳи касоне, ки маро бад мебинанд, писарони онҳо ва насли сеюму чорумашонро ҷазо медиҳам,
-
-
Ҳабаққуқ 2:18, 19Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
18 Аз буте, ки амали дасти устост,
Ва аз ҳайкали рехтаву муаллими дурӯғҳо чӣ фоида аст?
Аз худоёни бекораи безабон,
Ки бутсоз ба онҳо таваккал мекунад, чӣ суде ҳаст?+
19 Вой бар ҳоли касе, ки ба чӯбе “Бедор шав!”
Ва ба санги безабон “Бархез! Моро таълим деҳ!” мегӯяд.
-