-
Ишаъё 2:3, 4Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
3 Халқҳои зиёде омада, мегӯянд:
«Биёед ба кӯҳи Яҳува,
Ба хонаи Худои Яъқуб, бароем.+
Ӯ роҳҳои худро ба мо таълим медиҳад
Ва мо бо роҳҳои ӯ равона мешавем»,+
Зеро шариат* аз Сион
Ва каломи Яҳува аз Ерусалим мебарояд.+
4 Он вақт ӯ дар миёни халқҳо доварӣ мекунад
Ва ба мардумони зиёд дастур медиҳад.
Халқе бар халқе шамшер намекашад
Ва онҳо дигар ҷангро таълим намегиранд.+
-
-
Ишаъё 11:6–9Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
6 Дар он вақт гургу барра бо ҳам хоҳанд буд+
Ва паланг бо бузғола хоҳад хобид,
Гӯсолаву шеру чорпои парворӣ якҷо хоҳанд буд*+
Ва писари хурдакаке онҳоро ҳар сӯ хоҳад бурд.
7 Гов ва хирс бо ҳам хоҳанд чарид,
Бачаҳои онҳо бо ҳам хоҳанд хобид
Ва шер мисли буққа коҳ хоҳад хӯрд.+
8 Тифли ширмак бар хонаи мори кубро бозӣ хоҳад кард
Ва кӯдаке, ки аз сина ҷудо кардаанд, ба лонаи мори заҳрнок даст дароз хоҳад кард.
-