27 Ютом+ дар 25-солагиаш подшоҳ шуд ва 16 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард. Модари ӯ Ерушои духтари Содӯқ буд.+ 2 Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува дуруст буд, ба амал меовард, ҳамон тавре ки падараш Узиё мекард,+ фақат ки худсарона ба ибодатгоҳи Яҳува надаромад.+ Вале мардум ҳанӯз бадкорӣ менамуд.