-
5 Мӯсо 31:16, 17Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
16 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Инак, ту ба бобоёни худ мепайвандӣ* ва ин халқ дар замине, ки ба он мераванд, ба ман хиёнат карда, худоёни бегонаро, худоёни гирду атрофашро, парастиш хоҳад кард*.+ Онҳо аз ман рӯ мегардонанд+ ва аҳдеро, ки бо онҳо бастаам, мешикананд.+ 17 Он гоҳ хашми ман бар онҳо аланга мезанад+ ва ман онҳоро тарк месозам+ ва рӯямро аз онҳо пинҳон мекунам,+ то даме ки нобуд шаванд. Пас аз он ки бар сарашон ғаму балоҳои бисёре биёяд,+ онҳо чунин мегӯянд: “Ин балоҳо барои он бар сари мо омадаанд, ки Худоямон дар миёни мо нест”.+
-