-
5 Мӯсо 4:25, 26Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
25 Агар шумо писарон ва наберагон ба дунё оварда, муддати дурудароз дар ин замин зиндагӣ кунед ва бадкорӣ намуда бут ё ягон тасвиреро созед+ ва ба коре, ки дар назари Худоятон Яҳува бад аст, даст зада, ӯро ранҷонед,+ 26 ман имрӯз осмону заминро бар зидди шумо ба шоҳидӣ даъват мекунам, ки шумо ба зудӣ аз замине, ки барои соҳиб шуданаш аз Урдун мегузаред, нест мешавед. Шумо дурудароз дар он нахоҳед монд, зеро аз он решакан мешавед.+
-
-
Ҳизқиёл 20:8Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
8 Вале онҳо бар зидди ман исён бардоштанд ва ба ман гӯш надоданд. Онҳо чизҳои нафратангезеро, ки дар пеши чашмонашон буд, напартофтанд ва аз бутҳои ҳароми Миср даст накашиданд.+ Барои ҳамин ман ваъда додам, ки хашми худро бар онҳо фурӯ мерезам ва онҳоро дар замини Миср ба ғазаби сахтам гирифтор мекунам.
-