21 Мардум хонаҳо сохта, дар онҳо зиндагӣ хоҳанд кард,+
Токҳо шинонда меваи онро хоҳанд хӯрд.+
22 Онҳо бино нахоҳанд кард, ки дигарон зиндагӣ кунанд,
Ва нахоҳанд шинонд, ки дигарон бихӯранд,
Зеро рӯзҳои халқи ман мисли рӯзҳои дарахт мешаванд+
Ва интихобшудагони ман аз меҳнати дасти худ то ба охир баҳра мебаранд.