-
Ирмиё 32:17–19Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
17 «Ё Яҳува, Парвардигоро! Ту осмону заминро бо қувваи бузург ва бозуи тавонои худ сохтаӣ.+ Ҳеҷ коре нест, ки барои ту душвор бошад. 18 Ту ба ҳазорҳо меҳру вафо мекунӣ, аммо фарзандонро аз оқибати талхи гуноҳи падарон эмин намедорӣ.+ Ту Худои ҳақиқӣ, бузург ва тавоно ҳастӣ ва номи ту, Яҳува, Худои лашкарҳост. 19 Ниятҳои ту беҳамто ва корҳоят бузург аст.+ Чашмонат ҳама роҳҳои одамизодро мушоҳида мекунад,+ то ба ҳар кас аз рӯйи роҳу рафтораш подош диҳӣ.+
-