-
Ибриён 9:11, 12Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
11 Аммо, вақте Масеҳ чун саркоҳини некиҳои иҷрошуда омад, ӯ аз хаймаи бузургтар ва комилтаре гузашт, ки бо дасти одам сохта нашудааст, яъне аз офаридаҳои заминӣ нест. 12 Ӯ ба ҷойи муқаддас на бо хуни бузҳо ва буққаҳои ҷавон*, балки бо хуни худ+ як бор ва барои ҳамеша даромад ва бароямон халосии* абадиро фароҳам овард.+
-
-
Ибриён 10:8–10Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
8 Бале, ӯ аввал гуфт: «Ту қурбониҳо, ҳадияҳо, қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои гуноҳро нахостӣ ва онҳо ба ту писанд набуданд», яъне қурбониҳое, ки мувофиқи Шариат оварда мешаванд. 9 Ӯ сипас гуфт: «Ман омадам, то хости туро ба ҷо орам».+ Ӯ он чиро, ки якум буд, аз миён мебардорад, то дуюмиро барпо намояд. 10 Мувофиқи ҳамин «хост»+ мо ба воситаи қурбонии бадани Исои Масеҳ як бор ва барои ҳамеша муқаддас гаштем.+
-