-
3 Мӯсо 26:14–17Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
14 Вале, агар шумо ба сухани ман гӯш надиҳед, тамоми ин амрҳоро риоя накунед,+ 15 аз қонунҳои ман рӯ гардонед,+ аз ҳукмҳои ман нафрат кунед, агар амрҳои маро риоя накунеду аҳди маро шиканед,+ 16 ман бо шумо чунин мекунам: бар шумо балоҳо, яъне сил ва табларзаро, мефиристам ва чашмони шумо хираву худатон нимҷон мешавед. Он гоҳ тухмии худро беҳуда хоҳед корид, чунки онро душманонатон хоҳанд хӯрд.+ 17 Ман зидди шумо мебароям ва душманонатон бар шумо дастболо шуда,+ бадхоҳонатон шуморо поймол мекунанд+ ва шумо рӯ ба гурез меоред, бе он ки касе аз пуштатон сур кунад.+
-
-
5 Мӯсо 28:15Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
15 Вале, агар ба овози Худоят Яҳува гӯш надиҳӣ ва ҳама амру фармудаҳои ӯро, ки имрӯз ба ту мефармоям, ба ҷо наорӣ, ҳамаи ин лаънатҳо бар сарат меоянд ва туро фаро мегиранд:+
-