-
Марқус 2:18–20Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
18 Шогирдони Яҳё ва фарисиён одати рӯзадорӣ доштанд. Онҳо назди ӯ омада, гуфтанд: «Чаро шогирдони Яҳё ва шогирдони фарисиён рӯза мегиранду шогирдони ту не?»+ 19 Исо ба онҳо гуфт: «Магар дӯстони домод,+ ҳангоме ки ӯ бо онҳост, рӯза мегиранд? То он даме ки домод ҳамроҳи дӯстонаш аст, онҳо рӯза намегиранд. 20 Лекин вақте мерасад, ки домод аз онҳо гирифта мешавад,+ ва дар он рӯз онҳо рӯза мегиранд.
-
-
Луқо 5:33–35Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
33 Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Шогирдони Яҳё зуд-зуд рӯза медоранд ва бо зориву илтиҷо дуо мегӯянд, шогирдони фарисиён низ ҳамин тавр мекунанд, вале шогирдони ту мехӯранду менӯшанд».+ 34 Исо ба онҳо гуфт: «Магар метавонед дӯстони домодро, ҳангоме ки ӯ бо онҳост, маҷбур кунед, ки рӯза гиранд? 35 Лекин вақте мерасад, ки домод+ аз онҳо гирифта мешавад, ва он гоҳ онҳо рӯза мегиранд».+
-