-
Марқус 8:27–29Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
27 Исо ва шогирдонаш аз он ҷо ба қишлоқҳои Қайсарияи Филиппӣ равона шуданд. Дар роҳ ӯ аз шогирдонаш пурсид: «Мардум маро кӣ меҳисобанд?»+ 28 Онҳо гуфтанд: «Баъзеҳо Яҳёи Таъмиддиҳанда+ мегӯянд, дигарон — пайғамбар Илёс+ ва боз қисме — яке аз пайғамбарон». 29 Ӯ аз онҳо пурсид: «Худи шумо маро кӣ меҳисобед?» Петрус ба ӯ ҷавоб дод: «Ту Масеҳ ҳастӣ».+
-
-
Луқо 9:18–20Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
18 Пас аз чанде, вақте Исо дар танҳоӣ дуо мегуфт, шогирдон наздаш омаданд ва ӯ аз онҳо пурсид: «Мардум маро кӣ меҳисобад?»+ 19 Онҳо гуфтанд: «Баъзеҳо Яҳёи Таъмиддиҳанда мегӯянд, дигарон — пайғамбар Илёс, боз қисме мегӯянд, ки яке аз пайғамбарони қадим зинда шудааст».+ 20 Он гоҳ ӯ ба онҳо гуфт: «Худи шумо маро кӣ меҳисобед?» Петрус ҷавоб дод: «Ту Масеҳи Худо ҳастӣ».+
-