-
Матто 16:21Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
21 Аз ҳамон вақт сар карда Исо ба шогирдонаш мефаҳмонд, ки бояд ба Ерусалим равад ва аз дасти пирон, коҳинони калон ва шариатдонон бисёр азоб кашида, кушта шавад ва дар рӯзи сеюм зинда шавад.+
-
-
Марқус 10:33, 34Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
33 «Дар Ерусалим, ки ба он ҷо равонаем, Фарзанди одам ба дасти коҳинони калон ва шариатдонон супорида мешавад. Онҳо ӯро ба марг маҳкум мекунанд ва ба дасти халқҳои дигар месупоранд. 34 Онҳо ӯро мазоқу масхара карда, ба рӯяш туф мекунанд, ӯро қамчинкорӣ мекунанд ва ба қатл мерасонанд, лекин ӯ баъди се рӯз зинда мешавад».+
-